Activities calendar

01 апрели 2020

COVID-19: Мубталоён ба короно дар Русия ба 2337 нафар расиданд

Шабонарӯзи гузашта дар Русия 500 нафари дигар гирифторони короновирус ба қайд гирифта шуданд. Ситоди фаврии Русия хабар дод, ки ин теъдод сироятёфтагон дар 24 минтақаи кишвар кашф шудаанд. То кунун дар Русия 2337 нафар чун мубталоён ба короновирус сабти ном шуданд. Бори аввал дар вилоятҳои Архангелск ва Магадан сироятёфтагон ба короно ба қайд гирифта шуданд.