Activities calendar

16 апрели 2020

5 чизе, ки бояд дар бораи Гидроксихлорохин донист. Оё метавон онро дар муолиҷаи Covid-19 истифода кард?

То ҳамин чанд моҳ қабл кӣ метавонист ҳатто тахмин кунад, ки бо пайдоиши  Covid-19  ин доруе, ки ҳанӯз 70 сол пеш вориди бозори давофурӯшӣ шуда буд, дар гирдоби баҳсҳои илмӣ қарор мегирад. Ахиран профессор Дидйе Раул эълон кард, ки гидроксихлорохин метавонад мубталоёни ба короновирусро табобат кунад. Аммо суоли матраҳ ҳоло ин аст, ки мо дар бораи ин дору дар асл чӣ медонем ва чиро бояд бидонем?

Дирӯзи ҳолатҳои фавқулода: Ҳалокати як кӯдаки сесола дар ҷӯйбор, сӯхтор дар Хоруғ, ярч дар Саричашмаи Ваҳдат

Ҳарфи аввали хабар ҳалокати тифли сесола аст, ки боз ҳам аз беназоратии волидон дар ҷӯйбор афтодаву ҳалок шудааст. Ҷӯйборе, ки шояд бар асари борони шадид пур аз об шуд ва ҷасади беҷони ӯро дар дохили қубури обгузар пайдо карданд. Баъзан волидон хеле камаҳамиятанд ва тифлонро дар чунин рӯзҳо ҳам гоҳо беназорат мегузоранд. Пушаймонӣ аз кори шуда суде надорад. Вале ҳушдор додан хуб аст, то оянда...

Корҳои таблиғоти зиддивирусӣ дар мактабҳои оливу миёнаи шаҳри Душанбе

Пешгирӣ беҳтар аз табобат аст. Агар қоидаҳои бехатарӣ риоя шаванд ва одамон ба тавсияҳои духтурон ва кормандони беҳдошт гӯш андозанд ва онҳоро иҷро кунанд, хатари сироят ба ҳар вирус, аз ҷумла КОВИД-19 низ шадидан коҳиш меёбад. Дар ҳоле ки ин гуна тавсияҳо то кунун хеле зиёд шудаанд ва ҳар кадом дар ҷойи худ қобили истифодаву риоя аст. Командони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании...

Баргузории ҷаласаи Гурӯҳи арзёбиҳои сареъ ва ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулода ҷиҳати пешгирӣ аз “СОVIД – 19” (ВИДЕО)

15 – уми апрели соли 2020 таҳти раёсати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу, ҳамчунин ширкати намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, кишоварзӣ, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон...