Activities calendar

30 майи 2020

Шаҳрдории пойтахт рӯзҳои санитарӣ дар як қатор муассисаҳои хизматрасонии шаҳри Душанберо то 15 – уми июн тамдид кард

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомлӣ ҷиҳати мусоидат намудан дар масъалаҳои қарзию фоизии бонкии соҳибкорон ба унвони Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби расмӣ ирсол намуд. Ин нукта дар хабаре омадааст, ки ахиран дар сомонаи расмии шаҳрдории пойтах интишор ёфтааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри...

COVID-19-ҷаҳон: 5,92 миллион сироят шуда, 364 ҳазору 933 нафар фавтидаанд

Субҳи имрӯз Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинс дар сомонаи худ шумори умумии гирифторон ба коронавирусро 5,92 миллион нафар эълон кард ва навишт, ки ҳамагирӣ 188 кишвари оламро фаро гирифт.

Ин манбаъ шумори мубталоёнро дар саросари олам дақиқан 5 миллиону 927 ҳазору 255 нафар гуфта, навиштааст, ки дар як шабонарӯз дар кишварҳои дунё...

Резаахбори ин соат: Чаро мо ҳамеша тифлонро беназорат мегузорем?

Дирўз ҳам дар ин бора хабаре доштем. Ноболиғон аз фориғболии волидон ва ё бетаваҷҷуҳии онҳо қурбонии офатҳо ва рўйдодҳои нохўш мешаванд. Дирўз аз ғарқи об шудани ду ноболиғ - яке дар ноҳияи Восеъ ва дуюм дар Рашт хабар дода будем. Ва имрўз ҳам якчунин ҳодисае дар рустои Аличури ноҳияи Мурғоб иттифоқ уфтодааст. Ва боз ҳам метавон инро бепарвоии волидон номид. Агар девори шояд аз боришҳо осебпазиршуда...

Поккориҳои рўзи ҷумъа, 29-уми май

Ҳамарўза дар қаламрави кишвар ҷиҳати пешгирӣ аз авҷи коронавирус дар ҷумҳурӣ ва коҳиш додани сирояти одамон ба ин вирус  бо истифода аз маводҳои кимиёвӣ кўчаву хиёбонҳо, идораву муассисаҳо, гулгашту боғҳои истироҳатӣ поку тоза карда мешаванд. Роҳандозии поккориҳо тибқи нақшаи аз қабл тасдиқшудаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешаванд.