Activities calendar

28 майи 2020

COVID-19 Тоҷикистон – 28 май: сироятшудагон 3563, шифоёфтагон 1674. Шабонарӯзи гузашта аз ин беморӣ касе нафавтидаст

Вазорати тандурстии Тоҷикистон шумори мубталоён ба коронавирусро дар кишвар 3563 нафар эълон кард ва гуфт, ки то кунун аз ин беморӣ дар мамлакат 1674 нафар шифо ёфтаанд. Дар гузориши ин вазорат омадааст, ки шабонарӯзи гузашта дар кишвар касе аз ин вирус нафавтидааст ва шумори фавтидагон ҳамон 47 нафар боқӣ мондааст.

Поккориҳои рӯзи гузашта: Суғд ва шаҳри Душанбе

Ҳамарӯза садҳо литр маҳлулҳои кимиёвӣ сарфи поккориҳо дар кӯчаву хиёбонҳо ва иншоотҳои давлативу хонаҳои истиқоматӣ, боғу гулгаштҳо ва ғайра мешаванд. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз воситаву имкониятҳо ҳар рӯз дар гӯшаву канори кишвар ин гуна корҳоро роҳандозӣ мекунанд ва ҳадаф аз он пешгирӣ аз сирояти

Шумори мубталоён ба коронавирус дар олам ба 5,6 миллион расид. Дар Тоҷикистон 3424 нафар

Бино ба маълумоти Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинзи ИМА шумори мубталоён ба бемории короновирус дар олам ба беш аз 5,6 миллион нафар расидааст ва зиёда аз 350 ҳазор нафар ҳам аз ин маризӣ фавтидаанд. Ҳамин омор мегӯяд ҳоло маркази сироят ва авҷи короновирус ба Амрикои Лотин кӯчидааст.

Дар Бразилия 390 ҳазор нафар гирифтори ин вирус шудаанд

Резаахбори ин соат. Марги бачаи 12-сола дар Норак. Роҳбандии селҳои харобкор

Тибқи маълумоти Хадамоти наҷоти кӯҳии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Норак рӯзи 27-уми майи соли равон, тахминан соати 16:00 як шаҳрванди 12-солаи дҳаи Туғмазор - 4 ҳангоми оббозӣ дар кӯли Комсомол аз беэҳтиётӣ дар об ғарқ шудааст.

Ҳайати шахсии дастаи Норак ҳамроҳ бо ғаввосони НБО-и шаҳри Норак, ҳайати шахсии шуъбаи Раёсати ҳолатҳои