Activities calendar

16 майи 2020

Селҳои харобиовар: Кумаки фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба осебдидагон

Тибқи маълумоти сардори  Бахши  Кумитаи  ҳолатҳои  фавқулодда  ва  мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Ваҳдат бар асари боронҳои пуршиддати рӯзҳои 13 - 14 майи соли 2020 сатҳи оби дарёи Кофарниҳон баланд гардида ба 6 (шаш) хонаи истиқоматии шаҳрвандони кӯчаи Ғалабаи маркази шаҳр об даромад ва зарар расонид.

Марги як марди 65-солаи хуросонӣ, ки мехост селро наворбардорӣ кунад

Баъд аз зуҳри дирӯз, 15-уми майи соли равон, тахминан соати 15:45 дақиқа як сокини 65-солаи деҳаи Гулистони ноҳияи Хуросон ҳангоме мехостааст бо телефони дастӣ ҷараёни омадани сел ва борони пуршиддатро наворбардорӣ кунад, ба умқи 25-30 метр фурӯ рафтаву зери лой монда, ба ҳалокат расидааст. Ба ҷои ҳодиса сардори бахши ноҳия, наҷотдиҳандагони дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати вилоят ва хешу наздикони...

Хабарҳо аз тадобири пешгирӣ аз короновирус COVID-19

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи корҳои ҳамарӯзӣ саҳми худро дар роҳандозии корҳои пешгирӣ аз густариши короновирус мегузоранд. Ҳамарӯза бо истифода аз таҷҳизоти махсуси дорупошӣ дар саросари кишвар корҳои поксозӣ роҳандозӣ мешавад ва ба ин мақсад гурӯҳҳои фаврӣ иборат аз духтурон, кимиёшиносон, наҷотдиҳандагон...