Activities calendar

22 сентября 2020

COVID-19: Санҷиши ҳудудан 200 воксан дар олам. Олимони Маҷористон мегӯянд вирус ба гармӣ устувору тобовар аст

То субҳи имрӯз, 22 сентябри соли 2020 дар саросари олам 31 миллиону 485 ҳазору 356 нафар ба КОВИД-19 сироят шудаанд. Аз ин беморӣ то кунун 23 миллиону 113 ҳазору  489 нафар муолиҷа шуданд. Бар асари ин беморӣ дар ҷаҳон 969 ҳазору 298 нафар фавтидандҲудудан 200 воксан аз COVID-19 дар саросари олам таҷриба мешавад, гуфт дар брифинги матубтӣ сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом Гебрейесус.

Ду садамаи маргбор: Яке дар Поймазори Ванҷ ва дигаре дар Анзоби Айнӣ. Се нафар куштаи ин ду садама. Ронандаҳо эҳтиёт намекунанд

Тибқи маълумоти сардори Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ  дар ВМКБ нимишаби рӯзи 20 сентябри соли равон, тахминан соати 22:20 дақиқа  дар километри 80-уми роҳи мошингарди маҳаллӣ, дар мавзеи деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷ автомашинаи тамғаи Старекс, ки аз ҷониби сокини сисолаи деҳаи Поймазор идора мешуд, дучори садама шуд.