Activities calendar

26 сентября 2020

Суқути ҳавопаймои ҳарбӣ дар Харкови Украина. Аз ҳалокати 25 курсант ва маҷруҳ шудани ду нафар хабар дода шуд

Дар вилояти Харкови Украина як ҳавопаймои ҳарбии Ан-26 ҳангоми вуруд ба нишастгоҳ дучори садама шуд ва 25 курсанти Донишкадаи Қувваҳои ҳавоии ин кишвар ба ҳалокат расиданд. Дар маҷмуъ дар ин ҳавопаймо 28 нафар сафар доштанд. Аммо шумори дақиқи ҳалокшудагон ва маҷрӯҳон маълум нест.

"Дар ин ҳавопаймо курсантон ва халабонҳои ҳарбии

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: Коҳиши эҳтимолии дамои ҳаво ва тӯфони пурчанг. ЭҲТИЁТ КУНЕД!!!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти обуҳавошиносони кишвар ба диққати сокинон ва меҳмонон мерасонад, ки аз 28 то 30-уми сентябри соли равон коҳиши ногаҳонии дамои ҳаво пешбинӣ мешавад. Дар минтақҳои ҷудогона боронҳои кутоҳмуддат ва дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ боришоти пуршиддат дар назар дошта шудааст.

Covid-19: Ӯзбекистон аввалин кишваре шуд, ки доруи русии зидди коронавирус бо номи “Авифавир” вориди дорухонаҳои он гашт

То субҳи 26-уми сентябри соли равон дар олам 31 миллиону 769 ҳазору 106 нафар мубталоён ба Covid-19 ба қайд гирифта шуданд. Аз коронавирус то кунун 993 ҳазору 540 нафар ҷон бохтаанд. Шумори дар як шабонарӯз ҳалокшуда бар асари ин беморӣ 2 ҳазору 507 нафар буд ва теъдоди сироятшудагони нав 105 ҳазору 667 нафар. Сироят ба коронавирус КОВИД-19 дар саросари олам ба шиддат меафзояд.