Activities calendar

24 сентября 2020

Covid-19: Шабонарӯзи гузашта дар олам 2 ҳазору 731 нафар аз ин беморӣ фавтиданд, ки яке аз онҳо дар Тоҷикистон буд

Шумори гирифторони вируси корона дар олам аз марзи 32 миллион гузашта, ба 32 миллиону 101 ҳазору 60 нафар расидааст. Танҳо шабонарӯзи гузашта 89 ҳазору 374 нафари дигар чун сироятшудаи нав ба Covid-19 ба қайд гирифта шудаанд.  Шабонарӯзи сипаришуда дар олам 2 ҳазору 731 нафар аз ин беморӣ фавтиданд ва шумори умумии ҷонбохтагон бар асари КОВИД-19 ба 982 ҳазору 20 нафар расидааст.

Саҳифаи нав: Қиссаҳои ҷуғрофӣ

Ин саҳифаро чунин унвон кардем. Ва шояд хонанда суол кунад, ки ҷуғрофия ба ҳолатҳои фавқулодда чӣ иртибот дорад? Посухашро дар ин як муқаддимаи мухтасар меорем. Як бахши муҳими ҷуғрофия кишваркушоиҳо буд, ки аксаран ба фоҷеаҳои гӯшношуниди башарӣ анҷом меёфтанд. Машҳуртарин кишваркушоёни олам фарҷоми фоҷеабор доштанд. Дар аксар ҳолатҳо мавҷи пурталотуми баҳру уқёнусу дарёҳо