Ёрии башарии созмони Каритаси Швейтсария ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВИДЕО)
Чоп шуд: 20/11/2021 | redaktor![](https://www.khf.tj/sites/default/files//styles/232_155/public/field/image/khf_0294.jpg?itok=6qQvCB1c)
Бо мақсади татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ миёни КҲФ ва Созмони Каритаси Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин расонидани ёрии фаврӣ ба аҳолӣ дар ҳоли ба вуҷуд омадани ин ё он ҳолати фавқулодда дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими таҳвили ёрии башардӯстона дар шакли маводи ғизоӣ ва ғайриғизоӣ баргузор шуд.