Activities calendar

29 ноября 2021

Достони бориш ва борандагӣ дар шаш гуфтор. Гуфтори чорум: Борон

Борон – як падидаи атмосферӣ аст, ки аз абрҳо ба замин мерезад. Қатраҳои рези об, ки дар натиҷаи фишурдагии бухори оби мавҷуд дар атмосфераи Замин шакл мегирад. Борон - қатраҳои об, ки аз абр мерезад. Киноя аз фузунӣ, бисёрӣ ва фаровонӣ. (Фарҳанги забони тоҷикӣ).  Қатраҳои обе, ки ба сурати паёпай аз абр меборад. Маҷозан: резиши фаровон ва паёпайи чизе. (Фарҳанги Муъин).