Ҳушдор ва тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: То 16 декабр ҳаво сард мешавад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар то 16-уми декабри соли 2021 ҳаво сард мешавад, борон дар водиҳо ба барфи тар табдил мегардад. Дар минтақаҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ барфи шадид меборад. Ба истиснои ВМКБ дар аксар қаламрави кишвар туман дар назар дошта шудааст. Дар водиҳо ва ноҳияҳои наздикӯҳӣ дамои ҳаво 8-10 0С коҳиш  меёбад.

Ба сабаби бад шудани обу ҳаво Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад ҳангоми истифодаи асбобҳои барқӣ барои гарм кардани хонаҳо қоидаҳои бехтарӣ аз сӯхторро ҷиддан риоя кунанд, барқро сарфаҷӯёна истифода намоянд.

Ҳамчунин ба хотири таъмини бехатарӣ дар роҳҳо ва ағбаҳо Кумита ба ронандагон тавсия медиҳад, ки:

- мошинро қабл аз сафар аз назар гузаронед;

- чархҳои мошинатонро бо чархҳои зимистонӣ иваз намоед. Мошинҳои калони боркашро бо таҷҳизоти зидди яху лағзиш таъмин кунед, вақте ба роҳи дур ба сафар мебароед, бояд донед, ки шумо бо роҳҳои кӯҳӣ дар фасли сард сафар доред;

- дар бордони мошинатон ҳатман либосҳои гарм дошта бошед, фонус, бели хурд, банд барои кашидани мошин, бушкаи пур аз сӯзишворӣ барои эҳтиёт, гугирд, термоси пури оби гарм ва ғайраро низ фаромӯш накунед;

-ҳамеша дорухонаи мошинатонро нав кунед;

- бо ҳамон суръате мошин ронед, ки бехатарии шуморо таъмин карда тавонад, ҳангоми убур аз назди мактабҳо, чорроҳаҳо, пулҳо, гардишҳо ва нишебиҳо  эҳтиёт кунед;

 - ҳангоми ҳаракат бо роҳҳои кӯҳӣ фосилаи бештари байни мошинҳоро риоя намоед, ин фосила бештар аз фосилаи маъмулӣ бошад;

- ба хотири гузаштан аз барфтӯда набояд тунду тез ҳаракат кард;

- агар шумо мошинатонро то оғози сардиҳо омода карда натавонистед ва ё таҷрибаи кофии мошинронӣ надоред, пас  маслиҳат он аст, ки дар чунин боду ҳаво аз сафар худдорӣ намоед;

-тавсияҳои ВКД, КҲФ дар бораи маҳдудиятҳои ҳаракат дар баъзе аз қисматҳои роҳҳоро дар мавридҳои эҳтимоли лағзиши тарма ва резиши санг риоя намоед;

- шабонгаҳон ва лаҳзаву соатҳое, ки ҳаво торик аст, ҳаракат дар роҳҳоро маҳдуд кунед.

Ғайр аз ин КҲФ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки боми худро аз ғарами барф тоза нигоҳ доред. Мошинҳои худро зери дарахтон нагузоред. 

Бо мақсади бемор нашудан ва гирифтори касалиҳои мавсимӣ нагаштан Кумита тавсия медиҳад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоб пӯшед, бахусус дар нақлиёт ва дар ҷойҳои пурҷамъият. Истифодаи маҳлулҳои антисептикиро фаромӯш нанамоед, фосилаи иҷтимоиро низ риоя кунед.

КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо равуоҳои безаруратро  маҳдуд кунанд, бахусус сафар бо роҳҳои кӯҳӣ агар зарурат надорад, метавонед то хуб  шудани ҳаво онро мавқуф гузоред.

Рафтан ба моҳидорӣ, сайдгоҳ барои шикор, ғунучини ҳезум низ маслиҳат нест.

Кӯшиш кунед дудбарои хонаҳои худро ба хотири заҳролуд нашудан аз гази карбон ҳамеша тоза нигоҳ доред. 

ЭҲТИЁТ КУНЕД ВА ҶОНИ ХУДУ ҶОНИ АТРОФИЁНАТОНРО ДАР ХАТАР НАГУЗОРЕД!

барчасп: