Activities calendar

02 феврали 2022

Имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ҷасади яке ҷавони 30-соларо аз канал берун оварданд

Нимишабӣ, соати 02:46 дақиқаи рӯзи 2-уми феврали соли равон навбатдори  КВД «Обу корезии шаҳри Душанбе» ба навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар канали «Деревиатсионӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷасади шахсияташ номаълум, ҷавони ба тахмин 2

Оғози фаъолияти Маркази иттилоотии зиддибуҳронии масъалаҳои пешгирӣ ва назорати сирояти COVID-19. Телефони боварӣ: 511

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки бо мақсади амалисозии чорабиниҳои аввалиндараҷа дар доираи “Нақшаи эътинои фаврӣ ба COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар самти баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва дарки табақаҳои аҳолӣ дар мавриди хавфу оқибатҳои имконпазири пандемияи COVID-19 тибқи амалигардонии фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2021,№817 “Маркази иттилоотии зиддибӯҳронӣ вобаста ба масъалаҳои пешгирӣ ва назорати сирояти COVID-19” таъсис дода шуд.