Activities calendar

10 феврали 2022

170 сол аз як фоҷеаи башарӣ сипарӣ шуд. Ҳалокати киштии “Амазонка” бо 100 сарнишинаш

Чоруми январ ба ин фоҷеаи башарӣ 170 сол пур шуда буд. 4 январи соли 1852 дар Атлантик калонтарин (бино ба маълумоти матбуоти Британия) киштии чархии чӯбӣ дар ҷаҳон “Амазонка” оташ гирифт. Наздик ба 100 нафар ҳалок шуданд.

Киштии «Амазонка» аз назари расонаҳои британиёӣ калонтарин киштии бухории чархии олам буд, ки бо фармоиши ширкати  «Роял Мэйл стим пакет компани» (Англия) сохта шуда буд. Дарозии он 91 метр буд, бараш 12,5 метр.