Activities calendar

03 феврали 2022

Рӯзи низофат дар Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон

Дар Раёсати Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳои ободонӣ ва кабудизоркунии муҳити зист корҳои поккорӣ гузаронида шуд.

Кормандони Раёсат на танҳо утоқҳои корӣ ва ҷойҳои кориро ба тартиб овардаанд, балки партовҳои дар фасли зимистон ҷамъшударо дар маҳаллаи ҳамшафати Раёсат...

Давраи нави омӯзишӣ барои кормандони КҲФ оғоз шуд

Аз 2 то 5 феврали соли 2022 Дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи минбаъдаи Лоиҳаи миллии идораи хавфи офатҳои табиӣ курси омӯзишӣ дар мавзӯи «Омӯзиш оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ барои рушди Стратегияи барномаи таълимӣ якҷоя бо Вазорати маорифи Тоҷикистон» идома дорад. Ин давраи омӯзишӣ дирӯз, 2 феврал оғоз шуд ва қарор аст то рӯзи 5-уми феврал идома кунад.