Activities calendar

15 феврали 2022

Тармаи моҳи феврал дар ҷаҳон ва Тоҷикистон

Тарма аз ҷумлаи офатҳои харобкор аст, ки дар аксар мавридҳои боиси харобиҳои зиёд ва ҳалокати одамон мешавад. Ҳамасола дар саросари олам бар асари лағзиши тарма садҳо нафар ба ҳалокат мерасанд, дуҳу шаҳрҳо хароб мешаванд, ба инсонҳо ва давлатҳоим миллионҳо доллар зарар мерасонад. Дар зер аз чанд хабар аз олам ва Тоҷикистон иқтибос меорем, ки солҳои гуногун дар моҳи феврал иттифоқ уфтодааст.

Соли  1999

Панҷ ҳолати лағзиши тарма дар роҳҳои ВМКБ. Хатар ҳамоно боқист

14 – уми феврали соли 2022 дар мавзеъҳои гуногуни роҳи мошингарди Хоруғ – Ишкошим ва Рӯшон – Бартанги ВМКБ 5 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Роҳҳо бо талоши кормандони хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби техникаи махсус аз ғарами барф пок шуданд. Лағзиши тарма талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надошт.