Activities calendar

12 марти 2022

Роҳи Душанбе-Чаноқ боз шуд. Аммо хатари болорасии сатҳи оби рӯдхонаҳо, тарма, резиши санг ҳамоно боқист. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" ҳамин лаҳзаҳо аз боз шудани роҳи Душанбе –Чаноқ хабар дод. Ду соат пештар ин роҳ якҷониба боз шуда буд ва мошинҳо танҳо аз самти Хуҷанд ба Душанбе метавонистанд ҳаркат кунанд. Ҳоло ҳаракати мошинҳо ба ду самт имконпазир шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании

Сабти 8 ҳодисаи лағзиши тарма дар як шабонарӯз дар роҳҳои кишвар. Роҳ аз самти Хуҷанд ба Душанбе боз шуд

11 марти соли 2022 дар километрҳои 64, 65 ва 66 роҳи мошингарди  Душанбе –Варзоб, 80200, километрҳои 154 ва 165 роҳи Душанбе – Айнӣ, ҳамчунин дар километри 8-уми роҳи Хоруғ-Ишкошим ва километри 622 роҳи Хоруғ-Мурғоб лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Тарма муваққатан ҳаракати ҳар гуна воситаи нақлиётӣ номумкин кард. Дар ин тармалағзишҳо талафоти ҷониву хисороти дигар ба қайд гирифта нашудааст.