Роҳи Душанбе-Чаноқ боз шуд. Аммо хатари болорасии сатҳи оби рӯдхонаҳо, тарма, резиши санг ҳамоно боқист. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" ҳамин лаҳзаҳо аз боз шудани роҳи Душанбе –Чаноқ хабар дод. Ду соат пештар ин роҳ якҷониба боз шуда буд ва мошинҳо танҳо аз самти Хуҷанд ба Душанбе метавонистанд ҳаркат кунанд. Ҳоло ҳаракати мошинҳо ба ду самт имконпазир шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон хотиррасон мекунад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар натиҷаи боришоти тӯлонӣ дар ҷумҳурӣ хатари боло рафтани сатҳи оби дарёҳои Қизилсу, Ёхсу, инчунин дар дарёхое, ки дар каторкӯҳҳои Хисор вокеъ гардидаанд, вуҷуд дорад. Ҳамзамон хатари лағзиши тарма ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ низ боқӣ мемонад.

Гайр аз ин, шиддати баланди бориш дар навоҳии кӯҳӣ ва талу теппаҳо метавонад боиси эрозияи хок ва ҳаракати он шавад, ки ин хеле хатарнок аст. Ноустувории обу ҳаво ва боришоти пайдарпай боиси мушкилиҳо дар корҳои саҳрову чорвопарварӣ мешавад.

Бориши пуршиддати борон метавонад дар минтиқаҳои наздидарёӣ муҷиби ба вуҷуд омадани обхезиву омадани  селҳо шавад. Ин хатари канда шудани сарбандҳои сустниҳодро зиёд мекунад.

Дар робита ба ин, КҲФ ба шаҳрвандон тавсия намедиҳад, ки ҳангоми рафтан ба соҳили дарёҳо, обанборҳо ва дигар  махзанҳои об қодаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд ва ҷони худу наздикони худро дар хатар нагузоранд. Бахусус дар ин гуна ҳолатҳо рафтан ба шикоргоҳу моҳидорӣ ё ғунучини рустаниҳои дорувор ва ҷамъоварии ҳезум хатар дорад.

Волидон ҳатман бояд бачаҳоро зери назорат гиранд, нагузоранд, ки онҳо бе роҳбаладии калонсолон ба соҳили наҳру кӯлҳо раванд. Бахусус фарзандони худро аз хатари баногаҳ омадани сел ҳифз кунед!  

КҲФ ҳамчунин аз аз аҳолӣ хоҳиш мекунад ҷӯйбору каналҳои назди манзилҳои истиқоматии худро сари вақт аз ҳар гуна хасу хасрубаҳо пок намоянд ва роҳи обро боз гузоранд. 

Ба ронандагон чун ҳамеша тавсия дода мешавад, ки қабл аз сафар мошинҳои худро ба хубӣ бисанҷанд, камбудиҳои онро ислоҳ кунанд. Мошинҳое, ки ба сафари дур бо роҳҳои кӯҳӣ мераванд, бояд ҳамеша барои эҳтиёт занҷиру белу дигар воситаҳои кумак дошта бошанд. 

Риояи фосила байни мошинҳо ва қоидаҳои ҳаракат ин худ таъмини бехатарии шумост!

барчасп: