Activities calendar

02 марти 2022

Омодагӣ ба баҳор. Поккориҳо дар канали Мулло Шодӣ дар Турсунзода

Бо мақсади иҷрои супориши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва гузаронидани машқҳои ғайринақшавӣ дар минтақҳои хавфнок 2 марти соли равон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷўра Раҳмонови шаҳри Турсунзода ҳудуди маҳаллаи хавфноки деҳаи Бобониёз Тошев-2 тамрини Ситодӣ дар мавзўъи «Амали ҳайати фармондеҳони Ситод...

Тарма дар осори хаттии бостон

Аввалин манбаъи хаттӣ дар бораи тарма дар кӯҳҳои Алп дар тӯлонитарин солномае омадааст, ки ба солҳои 1120 мутааллиқ аст. Ин асноди таърихӣ дар бораи нобуд шудани аҳли рикоби усқуф Рудолф ҳикоят мекунад, ки соли 1129 барои таҷлили мавлуди Исои Масеҳ (ҷашни Криссман) аз тариқи ағбаи Бузурги Сен-Бернар ба шаҳри Рум равон буд. Сар аз асри 15 дар воқеъаномаву солномаҳо дар бораи фоҷеаҳои тарма дар кӯҳҳои Алп зиёдтар ёдоварӣ мешавад.

Сабти шаш ҳодисаи лағзиши тарма дар роҳҳои кишвар дар шабонарӯзи гузашта

Якуми  марти соли 2022 соати 15:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километрҳои  42, 43 ва 48 роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим, ки аз қаламрави ҷамоати Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим убур мекунад, се маврид лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.

Ҳаммчунин дар километрҳои 7, 8 ва 24 роҳи Хоруғ-Ишкошим, дар ҳудуди деҳаи Пиш, ҷамоати деҳоти Ғарибшоҳи ноҳияи