Activities calendar

03 ноября 2022

Хабарҳои рӯзи гузашта

Роҳбандии селҳо дар гӯшаву канори кишвар, пайдо шудани ҷасади писари 17-солае, ки рӯзи 1 ноябр ба дарё сарозер шуда буд

2 ноябри соли 2022 соати 11:00 дақиқа баъди борони давомдор сатҳи оби сой дар қаламрави деҳаи Назирободи ҷамоати деҳоти Симиганҷ боло рафт. Оби беруншуда аз соҳил боиси пур шудани роҳ аз сангу шағалу лойқа шуд ва...

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Хатари омадани сел ва резиши санг боқӣ мемонад. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 4-5-уми ноябри соли 2022 дар қаламрави ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, дар навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии вилояти Хатлон ва ноҳияи Дарвзи ВМКБ боронҳои шадид дар назар дошта шудааст. Ин боронҳо дар баъзе ҳолатҳо ба барфи тар табдил мешаванд.