Activities calendar

24 ноября 2022

Паёми шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Паёми шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як санаи муҳимми таърихӣ – сиюмин солгарди қабули Парчами давлатиро бо ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва дар фазои орому осудаи кишвар таҷлил менамоянд.

Ба ин муносибат мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.