Activities calendar

19 ноября 2022

Хабарҳои рӯзи гузашта. Сел дар Умарак. Боз кардани дари баста дар пойтахт

19 ноябри соли 2022 соати 04:50 дақиқа боронҳои пуршиддат сабабгори омадани сел дар минтақаи деҳаи Умарки роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз шуд. Барои бартараф кардани паёмадҳои сел ва ба роҳ мондани ҳаракати мошинҳо техника ва кормандони Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ҷалб карда шуданд. Соати 05:58 дақиқа роҳ аз ҳар гуна селовардаҳо тоза карда шуд ва ҳаракати мошинҳо ба ду самт аз сар гирифта шуд.

Наваскарони Қисмҳои ҳарбии КҲФ дар ноҳияҳои Рашт ва Вахш савганд ёд карданд

18 ноябри соли 2022 боз дар ду қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Рашт ва ноҳияи Вахши вилояти Хатлон маросими савгандёдкунии наваскарони даъвати тирамоҳӣ баргузор шуд.  Дар ин маросим пайвандони наваскарон, фармондеҳон ва ҳамхидматон, ҳамчунин собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҳузур доштанд.