Activities calendar

23 ноября 2022

Тадбирҳои пешгирӣ аз сел дар Шаҳринав

Бахши  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Шаҳринав хабар дод, ки  20 ноябри соли ҷорӣ дар селпартои деҳаи Аҷам ва канали Запатный Веткаи болои деҳаи Муллошодии ҷамоати деҳоти ба номи А. Ҳасанов барои тоза намудани каналу  селпарто як адад Экскватор, як адад Камаз  ва зиёда аз 150 нафар сокинони деҳаҳои Дустӣ ва Аҷам сафарбар шуданд.

Пайдо шудани ҷасади як марди ба тахмин 40-45-сола дар канали Ҳазора

Дар яке аз каналҳои шаҳри Душанбе мардеро мурда ёфтанд ва имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасади ӯро аз миёни об берун оварданд.

Ин ҳодиса 22-уми ноябри соли равон рух дод. Навбатдори фаврии Шуъбаи корҳои дохилиии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба Қисми навбатдории КҲФ занг зад ва хабар дод...

Тамринҳо дар масъалаҳои кадрӣ дар Маркази омӯзишии КҲФ

Дар Маркази таълими методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ширкати кормандони салоҳиятдори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии КҲФ, Раёсати КҲФ дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе, навоҳии минтақаи Кӯлоб, Раёсати масъалаҳои кӯли Сарез, Раёсати моддӣ техникӣ ва...