Ҳалокати як ронандаи 62-солаи мошини RAV 4 дар канале воқеъ дар шаҳри Душанбе
Чоп шуд: 19/12/2022 | redaktorЯк мошини тамғаи RAV 4, ки аз ҷониби як сокини 62-солаи ҷамоати деҳоти Варзоби ноҳияи Варзоб идора мешуд, бо сабабҳои номаълум ба канали дериватсионии Душанбе, дар қаламрави маҳаллаи Нодираи ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарозер шудааст.
Дар ин бора рӯзи 18-уми декабри соли 2022 соати 13:06 дақиқа ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.