Activities calendar

06 декабря 2022

Савганди ҳарбии наваскарони даъвати тирамоҳӣ дар қисмҳои ҳарбии КҲФ

Дар қисмҳои низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба қабули савганди ҳарбӣ аз ҷониби наваскарон чорабиниҳои тантанавӣ баргузор гардиданд.

То 5 декабри соли 2022 266 нафар наваскароне, ки барои адои хидмат ба қисмҳои ҳарбии КҲФ даъват шудаанд, савганди садоқат ба Ватан ёд карданд.

Комиссияи эвакуатсионии ВМКБ дар Хоруғ фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст намуд

5 декабри соли 2022 дар маҷлисгоҳи мақомоти ҳокимияти иҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти раёсати Раиси Комиссияи эвакуатсионии вилоят натиҷаҳои кор дар соли 2022 ҷамъбаст гардид.

Дар ҷаласа роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, намояндагони муассисаю ташкилотҳо, ки аъзои Комиссия мебошанд, иштирок доштанд.

Садама дар роҳи Душанбе – Ваҳдат. Ҳалокати мусофири 69-сола

5 декабри соли 2022 дар он қисмат роҳи Душанбе-Ваҳдат, ки аз қаламрави ҷамоати Карим Исмоили шаҳри Ваҳдат мегузарад, мошини тамғаи  «Lexus RX350»  аз болои пули дарёи Элок ба зер рафт. Сабаби садама ронандаи 40-солаи мошин, сокини ноҳияи Нуробод аст, ки аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст.

Дар ин садамаи мудҳиш мусофири 69-солаи мошин дар...