Activities calendar

09 декабря 2022

Дамабарф, барфкӯб, барфтӯфон, тӯфони барфӣ

БАРФТӮФОН (барфкӯб ё дамабарф, тӯфони барфӣ) низ аз намудҳои тӯфонест, ки бо суръати қобили таваҷҷуҳи бод мушаххас мешавад. Бо вазиши шадид тӯдаҳои  барфро аз замин ба ҳаво гардон мекунад. Шуъои он на чандон пурдомана аст ва метавонад арзи даҳҳо километрро фаро гирад.

Хуруҷи чунин туфон метавонад боиси тирагии фазо шавад...

Ду садамаи мошин дар роҳи Душанбе-Варзоб. Талафоти ҷонӣ нест, ронандагони маҷруҳ ба бемористон интиқол ёфтанд

Шаби 8-уми декабр, соати 02:20 дар километри 67 роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб як мошини тамғаи «Volkswagen»  ба мошини «Mercedes-Benz Sprinter», ки канори роҳ қарор дошт, бархӯрд. Дар натиҷаи ин бархӯрди шадид мошини «Mercedes-Benz Sprinter» ба ҷарии 800 метр сарозер шуд.

Хушбахтона, ҳангоми садама дар дохили мошини «Mercedes-Benz Sprinter»,  касе нанишаста буд.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хатари тарма дар роҳи Душанбе-Варзоб

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши обуҳавошиносон рӯзҳои 9-11декабри соли 2022 аз километри 47 то километри 79 шоҳроҳи Душанбе-Варзоб лағзиши тарма эҳтимол дорад.