Наҷотдиҳандагони Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои кӯҳии ноҳияи Варзоб ҷасади шаҳрванди Федератсияи Русияро аз минтақаи душворгузари кӯҳӣ дарёфт намуда, ба наздикону пайвандон ва мақомотҳои дахлдор супориданд.
Ёдовар мешавем, ки ин шаҳрванди хориҷӣ бо мақсади саёҳат дар ин минтақаи кӯҳии кишвар сафар намуда, баъд аз корношоям гардидани таҷҳизоти пастпарвозкунандааш ба минтақаи душворгузар афтида, дар натиҷа дар ҷойи хавфноки кӯҳӣ ба ҳалокат мерасад.
Наҷотдиҳандагони Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори раёсат, полковник Қурбонзода Иззат, ба ин амалиёт сафарбар гардида, бо истифода аз таҷҳизотҳои кӯҳнавардӣ ҷасадро дарёфт намуданд.
Бояд қайд кард, ки Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар ягона сохторест, ки бо малакаву маҳорати баланди касбӣ дар чунин минтақаҳои душворгузари кӯҳӣ аз пайи иҷрои вазифаҳои пурмасъули хизматӣ мебошад ва аз иҷрои вазифаҳои худ сарбаландона мебарояд.
Мувофиқи маълумоти полковник Қурбонзода Иззат, сардори Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, наҷотдиҳандагони Кумита вобаста ба мавқеи ҷуғрофию ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон малакаи баланди касбӣ дошта, дар ҳама шароит аз пайи иҷрои вазифаҳои хизматӣ сарбаландона мебароянд.