Activities calendar

16 декабря 2025

Ҳушдор аз хабари омадани сел ва лағзиши тарма

омадани сел

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки рӯзҳои 17-18 декабри соли ҷорӣ дар кишвар ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Дар натиҷа афзоиши бориши барфу борон ва нармии ҳаво дар ноҳияҳои Ховалинг ва Муъминободи вилояти Хатлон, ҳамзамон дар ноҳияҳои Рашт, Сангвор ва ағбаи Чормағзаки ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ эҳтимоли омадани селҳо вуҷуд дорад.

КҲФ: Тамошои дастаҷамъонаи Пайёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Дар баробари дигар вазорату идораҳо ва мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистони азиз ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” ро, ки тариқи шабакаҳои телевезионӣ мустақиманд бпахш гардид, тамошо намуданд.