Дар баробари дигар вазорату идораҳо ва мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистони азиз ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” ро, ки тариқи шабакаҳои телевезионӣ мустақиманд бпахш гардид, тамошо намуданд. Зимни ироаи Паёми мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгириҳои пайваста нисбат ба ҳамаи қишри ҷомеа ёдоварӣ намуд. Аз ҷумла дар баробари дигар қишри ҷомеа дар паёми навбатӣ низ маоши низомиёни кишвар 20 % зиёд гардид. Қобили қайд аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” ро ҳайати шахсии Кумита дар валоятҳо, минтақаҳо ва шахру ноҳияҳо дастаҷамъона тамошоно намуданд.


