Activities calendar

13 июни 2026

Дар МИҲБ КҲФ ҷаласаи корӣ оид ба ҳисоботи ҲФ баргузор гардид

12 июни соли 2026 дар Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи шакли нави ҳисоботи оморӣ дар бораи зарар ва талафоти офатҳои табиӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа сардори Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии КҲФ ва МГ генерал-майор Ҷамшед Камолзода, мутахассисон ва коршиносони вазорату идораҳо ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон иштирок намуда, шумораи умумии иштирокчиён зиёда аз 

КҲФ-Зафаробод: Ду наврас ҳангоми оббозӣ ба ҳалокат расиданд

Новобаста аз гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ мутаасифона чунин амал аз ҷониби кӯдакон ва наврасон такрор мегарданд.

Чунончӣ рӯзҳои 12 ва 13 июни соли 2026 дар канали «Мирҷӯи-1»-и ноҳияи Зафаробод ду ҳодисаи фоҷиабори ғарқшавӣ ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи ин ҳодисаҳо ду навраси ноболиғ ҳангоми оббозӣ ба ҳалокат расиданд.

Ноболиғон:

КҲФ: ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

Дар доираи ҳамкориҳо миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди Тоҷикистонии Оғохон (AKF) бо дастгирии Ҳукумати Швейтсария як миқдор лавозимоти ғайриғизоии таъиноти фавқулоддаро расман ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.