Дар доираи ҳамкориҳо миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди Тоҷикистонии Оғохон (AKF) бо дастгирии Ҳукумати Швейтсария як миқдор лавозимоти ғайриғизоии таъиноти фавқулоддаро расман ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
полковник Хуршед Вализода, Сардори сарраёсати мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими супоридани кӯмак дар анбори захираҳои фавқулоддаи Кумита иштирок ва суханронӣ намуд.
Ин кӯмак дар доираи лоиҳаи «Такмили захираҳои маводҳои ғайриғизоӣ барои посухдиҳӣ ба ҳолатҳои фавқулодда» пешниҳод гардид, ки ҳадафи асосии он таҳкими сатҳи омодагӣ ва баланд бардоштани иқтидори посухдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди асосии давлатии масъули ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии фаъолияти марбут ба ҳолатҳои фавқулодда дар кишвар мебошад. Татбиқи ин ташаббус ба таҳкими низоми миллии омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда мусоидат намуда, имкониятҳои кишварро барои таъмини посухдиҳии саривақтӣ, ҳамоҳанг ва муассир ба офатҳои табиӣ ва дигар буҳронҳои башардӯстона ба таври назаррас тақвият мебахшад.
Дар маросими супоридани кӯмак намояндагони Фонди Тоҷикистонии Оғохон, Дафтари ҳамкории Швейтсария (SCO) ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Барномаи чорабинӣ аз муаррифӣ ва боздиди лавозимоти ёрирасон, имзои санадҳои расмии супоридан ва суханрониҳои намояндагони муассисаҳои шарик иборат буд. Зимни суханронӣ ҷонибҳо аҳамияти таҳкими омодагӣ ба офатҳои табиӣ, баланд бардоштани иқтидори посухдиҳӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва густариши ҳамкориҳои башардӯстонаро таъкид намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкории созанда дар ин самт бори дигар изҳор доштанд.
Паскал Волтер – мушовири посухдиҳии фаврӣ дар Осиёи Марказӣ аҳамияти сармоягузорӣ ба омодагӣ ва таҳкими устувории институтсионалиро таъкид намуда, изҳор дошт:
«Тақвияти низомҳои омодагӣ ва таъмини захираҳои зарурии ёрии фаврӣ аз унсурҳои калидии идоракунии самараноки хатари офатҳои табиӣ ба шумор мераванд. Тавассути ин ҳамкорӣ мо иқтидори миллиро барои таъмини посухдиҳии саривақтӣ ва муассир ба ҳолатҳои фавқулодда тақвият мебахшем ва ҳамзамон ба ҳифз ва дастгирии ҷомеаҳои осебпазир дар шароити буҳрон мусоидат менамоем».
полковник Хуршед Вализода, намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ аз шарикии доимӣ ва дастгирии тавассути ин ташаббус изҳори сипос намуда, қайд кард:
«Ин саҳм омодагии амалиётии моро ба таври назаррас беҳтар мекунад ва қобилияти моро барои расонидани кӯмаки саривақтӣ ба аҳолии зарардида дар ҳолатҳои фавқулодда тақвият медиҳад. Мо ба ҳамкории доимӣ бо Фонди Оғохон ва Ҳукумати Швейтсария дар самти баланд бардоштани устувории офатҳои табиӣ ва талошҳои посухдиҳии башардӯстона дар Тоҷикистон арҷ мегузорем».


