Дарсҳо ва тамринҳои омӯзишӣ дар Суғд

Дар ҷараёни омӯзишҳо масъалаҳои омодагии мақомоти идории мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, Системаи ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, неруҳо ва воситаҳо ба сел, обхезӣ, заминларза, бодҳои сахт ва кӯчонидани аҳолӣ дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда баррасӣ шуданд. Дар ин омӯзишҳо зиёда аз 700 нафар иштирок карданд.

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар қаламрави ноҳияи Ҷаббор Расулов омӯзишҳои маҷмуъӣ оид ба мудофиаи гражданӣ гузарониданд.

Ин омӯзишҳо муддати се рӯз дар мавзуъи “Амали ҳукумати иҷроияи маҳаллӣ ҳангоми бартарафсозии офатҳои табиӣ ва истифодаи неруҳо ва воситаҳои мудофиаи граждании ноҳия” идома карданд. 

Омӯзишҳоро сардори Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд полковник Б.Додиён  ба ӯҳда дошт ва дар он намояндагони комиссияи ноҳиявӣ оид ба мудофиаи гражданӣ, сарварони ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо, ҳамчунин аҳолии ноҳияи ширкат карданд. 

Дар ҷараёни омӯзишҳо масъалаҳои омодагии мақомоти идории мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, Системаи ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, неруҳо ва воситаҳо ба сел, обхезӣ, заминларза, бодҳои сахт ва кӯчонидани аҳолӣ дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда баррасӣ шуданд. Дар ин омӯзишҳо зиёда аз 700 нафар иштирок карданд.  

Дар давраи баргузории тамринҳо сатҳи омодагии аҳолӣ ба ҳимоя аз сел, обхезӣ, заминларза, бодҳои сахт санҷида шуданд, ҳамчунин омодагии қувваҳо ва воситаҳои мақомоти идории ноҳия дар бартарафсзии ҳолатҳои фавқулодда арзёбӣ гардиданд.  

Ғайр аз ин иншоотҳои ҳимоявии мудофиаи гражданӣ ба ҳоли омодабош дароварда шуданд. Бо ризояти ҳукумати иҷроияи маҳаллӣ системаи хабардоркунии саривақтии аҳолӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва таҳдиди он санҷида шуданд.

барчасп: