Activities calendar

29 ноября 2018

Наваскарони даъвати тирамоҳӣ боз дар ду қисми ҳарбии кумита савганди садоқат ёд карданд

29 ноябри соли  2018 дар ду қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияҳои Рашт ва Рӯдакӣ маросими ботантанаи савгандёдкунии наваскарони даъвати тирамоҳӣ баргузор шуд.  Дар маросими Рашт муовини аввали Раиси Кумита, генерал-майор Рустам Шоҳиён ва дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷонишини Раиси Кумита М.Салимзода ширкат намуданд.

Инфиҷори моддаҳои кимиёвӣ дар корхонае дар Чин ҷони 22 нафарро рабуд

Бар асари чанд таркиш дар назди корхонаи Shenghua Chemical Industry дар деҳаи Дасангайчжэени ноҳияи Сяодуни округи шаҳрии Чжансзякоуи Чин бештар аз 22 нафар ҷони худро аз даст доданд. Ин таркишҳо 28 ноябр рух доданд.  Бино ба гузориши Синхуа бештар аз бист нафари дигар захмӣ ва ба бемористон интиқол ёфтанд.