Activities calendar

16 ноября 2018

Чархаи аввали "Рогун" ба кор даромад! Ин рӯйдод ба кулли миллати азиз муборак бошад!

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи муваққатии майдони сохтмони Роғун Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода истиқбол гирифтанд.

Машқи мудофиаи гражданӣ дар бемористони марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Паҳн шудани бемориҳои сироятӣ низ хатаре ба амнияту саломатии мардум аст. Бахусус дар остонаи зимистон, ки маъмулан ҳаво тағйирёбанда аст ва сардиҳои хушк муҷиби афзоиши бемориҳое чун сармохӯрдагӣ мешаванд, табибон ва беморхонаҳо бояд бештар омода бошанд. Бо дарки масъулият дар назди бехатариву саломатии миллату мардум, кормандони Кумитаи ҳолатҳои