Дарсҳои омӯзишӣ ба мутахассисони Хадамоти зидди жола

Барои кормандони Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсҳои такмили ихтисос ташкил шуд.

Дар ҷараёни ин омӯзишҳо ширкаткунандагон дар мавриди тартиб ва роҳандозии ҳимояи зироатҳои кишоварзӣ аз жола, аз ҷумла низоми назорати радиолакатсионӣ, шинохтани объектҳои  таъсир, гузаронидани амалиётҳо оид ба мушакандозӣ ба самти абрҳои хатарноки жоладор, ба меъёр даровардани масрафи маҳсулоти зидди жола, ҳуҷҷатгузории  маводҳои таъсири фаъол ба равандҳои резиши жола, арзёбии самаранокии физикӣ ва иқтисодӣ, ҳамчунин омодагии фаврӣ ва ҳисоботи ҷамъбастӣ донишҳои худро такмил доданд. 

Ғайр аз ин мутахассисони КҲФ ба ширкаткунандагони омӯзиш дар бораи ҳуҷҷатҳои қабулшудаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар самти ҳолатҳти фавқулодда нақл карданд ва онҳоро бо тавсияҳои нави методӣ ошно намуданд.

барчасп: