Санҷиши омодагиҳои ҳарбӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Омодагии ҳарбӣ як бахши муҳим барои ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон аст. Сарбозони Ватан бояд ҳамеша омодаи иҷрои ҳар вазифа бошанд ва аз ин рӯ санҷишҳо ба хотири ошкор намудани камбудиҳо ва ислоҳи онҳо ва ҳамчунин боло бурдани рӯҳияи ҳарбии ҳайати шахсӣ заруранд.

10 ноябри соли 2018 бо мақсади татбиқи қарори Коллегия дар Дастгоҳи Марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор воҳидҳои ҳарбии Кумита дар қаламрави шаҳри Душанбе азназаргузаронии ҳайати шахсӣ ва сафороии низомӣ  баргузор шуд

Ҳангоми тафтиши сару либос ба намуди зоҳирии ҳайат, шаҳодатномаҳои хидматӣ, жетонҳои вурудӣ, дурустии ҷогузории нишонҳои сарисинагӣ ва ғайра диққати асосӣ дода шуд. 

Хулосаи санҷиш нишон дод, ки ҳайати шахсӣ комилан омода аст ва аз ҳама имкониятҳо барои иҷрои вазифаҳои ба уҳдаашон гузоштамешуда бархӯрдор мебошад. 

Ҳадафи роҳандозии санҷишҳо ва тафтиши омодагиҳои ҳарбӣ таҳкими интизом ва боло бурдани рӯҳияи ҳарбии ҳайати шахсӣ, сарбозон ва афсарон аст.

 

 

барчасп: