Вохурӣ дар Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе

1 марти соли 2019 дар Раёсати Кумитаи ҳолтҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Раёсат дар бораи иҷрои талаботҳои «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстримизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» вохурӣ бо ҳайати шахсии Раёсат, ки дар он намоядагони Кумитаи дин, танзим анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд, баргузор гашт.

Дар вохурӣ намоядагони Кумитаи дин, танзим анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба Стратегия мазкур маълумот дода, ба саволҳо ҳайати шахсии Раёсат ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуданд. Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин пешгирии ҳолатҳои рух додани ҷиноятҳои характери коррупсионӣ дошта, тарғибу ташвиқи Стратегияи мазкур ва маълумоти муфассал додан оида ба вазъи имруза буд.

барчасп: