Мулоқот дар Маркази омӯзишӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

1 марти соли равон дар  Маркази омӯзишӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа барои шахсони мансабдори вазорату идораҳое, ки шомили Системаи ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда мебошанд, доир гардид.

Дар рафти ҷаласа масъалаҳои банақшагирии амалҳо оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда, пешбинӣ, методология ва технологияи бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда ва роҳандозии омӯзишҳои мудофиаи гражданӣ барои ҳимоя аз ҳолатҳои фавқулодда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

барчасп: