Наҷоти панҷ нафар аз ҷумла се нафар аз як хонадон аз рӯди Сир

Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муваффақ ба наҷоти ҷони панҷ сокини ин вилоят шуданд, ки дар рӯди Сир шиноварӣ мекарданд. Се нафари онҳо бародарону хоҳарон аз як хонавода буданд. Аз аввали соли 2019 дар обҳои кишвар 80 нафар ҳангоми шиноварӣ ҷони худро аз даст доданд, ки 32 нафари онҳо кӯдакон ва наврасони то 17-сола буданд. Дар ин муддат 14 нафар аз марги эҳтимоӣ наҷот ёфтанд.  

Бо вуҷуди огоҳиҳо ва тавсияҳои пайвастаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар мавриди риояи қоидаҳои бехатарӣ мутаассифона на ҳамаи шаҳрвандон ба он гӯш медиҳанд ва ҳамвора бо нақзи қоидаҳои амниятӣ ҷони худро дар махзанҳои об дар хатар мегузоронд. Ин панҷ тане, ки ҳоло наҷот ёфтанд низ дар ҷойи мамнуъ барои оббозӣ шиноварӣ карданд. Онҳо асосан ҷавонон буданд ва хурдтарини онҳо 15 сол дошт.  

Наҷотдиҳандагони навбатдори Дастаи зудамали наҷотдиҳии Раёсати КҲФ тавонистанд фавран ин афродро наҷот диҳанд. Баъди раҳоӣ ва расонидани кумаки аввали тиббӣ онҳо дигар нахостанд дар бемористон бистарӣ шаванд. 

Гуфтанист, ки аз аввали соли 2019 дар обҳои кишвар 80 нафар ҳангоми шиноварӣ ҷони худро аз даст доданд, ки 32 нафари онҳо бачаҳо ва наврасони то 17-сола буданд. Дар ин муддат 14 нафар аз марги эҳтимоӣ наҷот ёфтанд.   

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад, ки ҳангоми оббозӣ қоидаҳои бехатариро риоя намоянд, бачаҳоро беназорат нагузоранд!