Activities calendar

19 июли 2019

Наҷоти 100 нафар ва 15 ҳазор сар чорвои сокинони Пакшиф дар Кӯҳистони Мастчоҳ

Сад нафар сокинони як русто дар Кӯҳистони Масчо бар асари хароб шудани пули иртиботиашон ба хатар рӯ ба рӯ шуданд. Наҷотдиҳандагони дастаи зудамали наҷотдиҳӣ дар минтақаи Зарафшон ва Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳия Мастчо ба кумак расиданд ва бо истифода аз заврақҳои резинӣ онҳоро бо маводи ниёзи аввалия ва масолеҳи сохтмон ҷиҳати барқарор намудани пули харобшуда таъмин карданд.

Кумита дар чаҳорчубаи лоиҳаи муштарак барои ишғоли вазифаҳои холӣ озмун эълон мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи муштарак бо Бонки Рушди Осиё оид ба идоракунии хатари офатҳо дар сатҳи миллӣ барои ишғоли вазифаҳои холӣ озмун эълон мекунад.

Талабот ба номзадон чунин мешаванд: кормандон бояд ҳадди аққал дараҷаи бакалавр ва таҷрибаи корӣ дар як лоиҳаро дошта бошанд. Фаъолият дар яке аз лоиҳаҳои Бонки Рушди Осиё  афзалиятнок ҳисобида мешавад. Кормандон таҳти назорати роҳбари лоиҳаи Гуруҳ  кор мекунанд. Донистани забони  англисӣ талаб карда мешавад.

Кумита дар доираи Лоиҳа озмун эълон мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи Бонки Рушди Осиё  оид ба идораи офатҳои табиӣ дар сатҳи миллӣ барои харидории воситаҳои нақлиётӣ дар асоси усули “шоппинг” озмун эълон мекунад. 

Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 19-уми ноябри соли 2018.

Ҳуҷҷатҳоро барои ширкат дар озмун ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи ба номи Лоҳутӣ 26 ирсол намоед.

Телефон барои тамос: (+992 372) 2272387, 2231015.

Як ҷумла, вале як ҷаҳон руҳбаландӣ...

Оре, ҳамагӣ як ҷумла буд ин пайки шодӣ. Дар ҳамин як ҷумла арзи сипоси се хонаводаи шод ғунҷид. Як ҷумлае, ки панҷ тан аз наҷотдиҳандагонро руҳбаланд кард. Онҳо бори дигар донистанд, ки кори нек ин гуна подоше дорад. Ҳамин аст он: АРЗИ СИПОС! Сипос ба касоне, ки инсонҳоро наҷот доданду медиҳанд. Сипос ба касоне, ки наҷоти башарро ба худ касб кардаанд.