Ҳамлаи садҳо миллиард малах ба киштзорони Африқо: СММ ҳушдор медиҳад. ВИДЕО

Созмони ҷаҳонии маводи ғизоӣ ва кишоварзии СММ аз ҳамлаи анбуҳи малахҳо ба киштзорони Африқо хабар дод. Ин манбаъ гуфтааст, ки дастаҳои анбуҳи малах, ки машғули нобуд кардани маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақаҳои шарқии Африқо буданд, ҳоло ба Судони Ҷанубӣ расиданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки миллионҳо нафар сокинони ин кишвар баъди ҷанги дохилӣ ба камбуди фазояндаи маводи ғизоӣ рӯ ба рӯ мебошанд.

Созмони Милали Муттаҳид ахиран ҳушдор дод, ки агар ин мушкил роҳи ҳалли худро пайдо накунад, шарқи Африқо мумкин аст ба буҳрони маводи ғизоӣ рӯ ба рӯ гардад. Майк Помпео-Котиби давлатии ИМА дар ҷараёни сафараш ба Африқо ваъда дод, ки кишвараш барои мубориза бо малах дар ин қитъаи олам 8 миллион доллар кумак хоҳад кард. Вай дар дидораш бо нахуствазири Эфиопия Абӣ Аҳмад ин гуна ваъда дод.

Бино ба гузориши СММ дар айни замон Эфиопия, Сомалӣ, Кения ва Угандо ба шиддан гирифтори ин мушкиланд ва ҳамлаи малах ба зироатҳои кишоварзӣ ҳамаро нигарон кардааст.

Бино ба гузориши ВВС ин бадтарин ҳамлаи ҳашарот дар  дар 70 соли ахир дар Кения ва бадтарин ҳодиса аз ин навъ дар 25 соли ахир дар ва Эфиопия  тавсиф мешавад.

Талошҳо барои назорати малахҳо то кунун  муассир набудааст. Пошидани дору аз осмон пуртаъсиртарин роҳи мубориза бо малахҳост, вале кишварҳои минтақа на ҳамеша аз ин гуна имконҳо бархурдоранд.

Акнун бими он меравад, ки  малахҳо, ки шумори онҳо садҳо миллиард рақам зада мешавад, рӯз ба рӯз меафзоянд ва хатари бештар аз ҳадди интизор доранд.