видео

Шумори куштаҳои заминларзаи Марокаш ба 2421 нафар расид (ВИДЕО)

Вазорати корҳои дохилии Марокаш шумор куштагони заминларзаи ахир дар ин кишварро 2421 нафар эълон кард. Аз захмиву маҷрӯҳ шудани 2159 нафар низ хабар дода мешавад, ки 1504 тани онҳо дар ҳоли вазнин мебошанд.

Заминларзаи шадид ҷануби Марокашро рӯзи 9-уми сентябри соли 2023 такон дод, ки қувваи он дар марказаш 70 км...

Ҳаводиси шабонарӯзи гузаштаи кишвар (ВИДЕО)

Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ  аз як сел дар деҳаи Мадми ҷамоати деҳоти Урметани ноҳия хабар дод, ки рӯзи 6-уми августи соли равон наздик ба соати 23:50 дақиқа бар асари боронҳои пуршиддат омадааст. Дар натиҷа лойю лойоба ба 4 хонаи истиқоматӣ, 4 хоҷагии ёрирасон, 300 метр роҳи деҳа, зироатҳои кишоварзӣ қисман зарар расондааст.

Вазъ дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ баъди офати табиӣ. Хабари расмӣ (ВИДЕО)

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражднаии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар селе, ки рӯзи 28-уми июли соли равон омад, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ 161 хоҷагӣ зарар дидааст. 16 хонаи истиқоматии сокинон зери об монда, 64 иншооти ёрирасон қисман зарар дидааст ва 81 қитъаи замини наздиҳавлигӣ бо лою лойоба пур шудааст.

Анҷоми амалиёти наҷоти кӯҳгарди белорус (ВИДЕО)

21 июли соли 2023 наздик ба соати 17 вақти маҳаллӣ баъди роҳандозии амалиёти мушкили наҷот, ки муддати ду шабонарӯз идома дошт, имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯҳгарди осебдидаи аҳли Белурусияро ба шаҳри Душанбе фуруд оварданд.

Дар фурӯдгоҳи Айнӣ кӯҳгардро духтурони беморхонаи КҲФ ва мошини Ёрии таъҷилӣ вохӯрданд ва ӯро ба бемористони “Истиқлол”-и пойтахт интиқол доданд.

Наҷоти як бонуи 28-солае, ки мехост худкушӣ кунад

Наҷотдиҳандагон аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақ шуданд, ки як ҷавонзани 28-соларо, ки қасди худкушӣ дошт, наҷот диҳанд.

Ӯ сокини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд ва аз болои пул худро ба дарёи Сир андохта, хост бо ин васила ба ҳаёташ хотима бахшад.   

Страницы