Гузашта ва имрӯз: Борбад асосгузори санъати «Шашмақом»

«Шашмақом» дурдонаи беназирест, ки аз каъри асрҳои куҳан то ба рўзгори мо расидааст. Он дар худ дастовардҳои беҳтарин хиради шеъру мусиқии халқро таҷассум намудааст ва ҷоиз аст, ки онро қомуси халқ номем. Ҷиҳати муайянкунандаи инкишофи мусиқии тоҷик дар он ба назар мерасад, ки вай ба анъанаҳои бузурги халқӣ, ки то замони мо ба шарофати асари оламшумули мусиқии халқӣ – Шашмақом омада расидааст, такя мекунад. Оҳангҳои пурҷозиба ва суруду таронаҳои «Шашмақом» нозукиҳои олами ботинӣ ва зоҳирии ҷомеаро тасвир менамояд. Аз ин рў, «Шашмақом» санъати мусиқии ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад.

Борбад қофиласолори мусиқӣ, оҳангсоз, сарояндаю навозандаи бузургест, ки бисёр анъанаҳои классикии созу овози мо аз осори ў сарчашма гирифтааст. Вай соли 585 дар шаҳри Нисо, наздикии шаҳри Марв, таваллуд шудааст. Давраи ҳаёти ў ба доираи ҳукмронии сулолаи Сосониён рост меояд.

Давлати пуриқтидори Сосониён солҳои 226 то соли 651-ро дар бар гирифта, ҳудуди Эрон, Хуросон, аз дарёи Аму то халиҷи Форсро муттаҳид карда буд. Ҳукмронии 425 солаи Сосониён ба равнақи сиёсӣ, иқтисодӣ ва таърихию маданияти ягона табдил ёфтанаш сабаб шуд.

Аз рўи гуфтори таърихшиносон дар даври ҳукмронии яке аз намояндагони сулолаи сосониён шоҳи Эрон Хусрави Парвиз фаъолияти эҷодию ҳунари касбии сарояндагию мақомхонии халқҳои Осиёи Миёна ва Эрон ба дараҷаи баланд равнақ ёфтааст. Дар он солҳо Борбад дар дарбори  Хусрави Парвиз ба офаридани суру два мусиқиҳои нав ба нав машғул мешуд.

Борбад ҳафто «Хусравонӣ» (мусиқии достони Шоҳӣ), 30 лаҳна – оҳанги мусиқӣ, 360 суруд офаридааст. Дар натиҷаи омўхтани он «тақвими мусиқӣ» ҳосил мешавад, ки аз 12 оҳанг иборат буда, ба дувоздаҳ давраи бурҷи астраномӣ бахшида шудааст. Як давраи он аз 30 қисм иборат буда, ҳар яке оҳанги суруд ба як рўз бахшида шудааст.

Хусусияти ба худ хоси созандагии ў дар он аст, ки асбобҳои мусиқиро дар асоси «Ҳафт тор» месохтааст.  Ба арфа, чанг, танбўр ва ғайра монандӣ доштааст. Гўё ҳар як тори асбоби мусиқӣ ба як сайёраи осмонӣ – офтоб, моҳ, Зуҳро, Миррих, Муштарӣ ва ғайра бахшида бошад. Аз рўи гуфторҳо Борбад бо зиёда аз даҳ асбоби мусиқӣ мақоми эҷод кардаи худро  менавохтааст. Офаридаи дилчаспу дилхароши ҳунари мақоми мусиқии Борбад, то ба майдони ҳастии таърих баромадани Қуръони Карими безавол, эҷод шуда буд.

Баъзе асарҳои мусиқию навоҳои дилчаспи Борбад ба монанди «Боғи Шаҳриёр», «Аврангез», «Ҳафтганҷ», «Наврўзи Бузург», «Сарвистон», «Яздон офарид» то давраи мо расидааст. Падидаҳои мақоми Борбадро дар маърифату маданияти халқҳои Ҳиндустон, Афғонистон, Эрон, Осиёи Миёна,Ироқ, Арабистон, Миср, Лубнон, Алҷазира, Марокаш то Испания дидан мумкин аст.

Борбад аз устодони номвари мусиқии мардумони эронинажод ва Осиёи Марказӣ буда, мавқеи ў дар таърихи мусиқии шарқ чунон бузург будааст, ки номаш ба сифати рамзи созу овоз ба ҳаёти мадании шарқиён ворид шудааст.Ҳеҷ як устоди мусиқӣ дар саҳифаҳои таърих мисли Борбад ба ин мартабаи шўхрати умумишарқӣ шарафёб нашуда ва беҳуда нест, ки ўро аз сармадони ин ҳунар донистаанд. Асарҳои эҷодкардаи ин устоди барўманди мусиқӣ то ба рўзгори мо расида ва онро дар мисоли «Шашмаком» донистан  барҳақ аст.

Бо истифода аз ин навиштахо:

1.А.Раҷабов, А.Абдурашидов, Ф.Азизӣ Донишномаи Шашмақом, Душанбе, Академияи Илмҳои Тоҷикистон , 2009, 422 сах.
2.Низомов А. Таърих ва назарияи Шашмақом – Душанбе: «Адиб», 504 саҳ.
3.Ҳакимов Н. «Шашмақом дар қарни ХХ анъана ва навоварӣ»., Хуҷанд, 2005, 504 саҳ.
4.Файзуллоев Б.. Соҳибов Ш.. Шаҳобов Ф.. «Шашмақом»,- Москва ,1950 қ.1 нашри 1.
5.Файзуллоев Б., Соҳибов Ш.,Шаҳобов Ф., «Шашмақом».- Душанбе, «Адиб», нашри 2-юм, дар 1 ҷилд, 664 саҳ.
6.Донишномаи фарҳанги мардумии тоҷик. Сарредакияи илмии энциклопедияи миллии Тоҷик, Душанбе – 2017,756 саҳ. ҷилди 2.  
7.Абурашидов А. «Омўзиши авзони шеър ва мусиқӣ», Душанбе – 2001, 53 саҳ.
8.Низомӣ А. «Таърихи мусиқии тоҷик., Душанбе. Адабиёти бачагона, 2014, 384 саҳ.
9.Азизӣ Ф. Фарҳанг ва истиқлол, - Душанбе, «Адиб», 2011, 292 саҳ.
10.Навид М. Рисолаи» Шашмақом» - Душанбе, «Истеъдод» - 2011, 40 саҳ.
11.Низомӣ А. «Шашмақом ва назми форси тоҷикӣДушанбе, «Дониш» - 2016, 296 саҳ.
12.Ориёнур  «Рўзгори Борбади Ромишгар» - Душанбе «Ирфон», 1989, 88 саҳ.
13.Шарофиддини Ҷ. «Эҳёи «Шашмақом» - Конибодом, 2007, 103 саҳ.

Нигина Маҳмудова