Омӯзиши мудофиаи гражданӣ барои масъулини ҳафт шаҳру ноҳияи тобеъи марказ

Бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар соли 2020, ҳамчунин барои беҳбуди ҳамкориҳо ва ҳамоҳангиҳо дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-омӯзишии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои масъулини мақомоти маҳаллии давлатӣ оид ба мудофиаи гражданӣ омӯзиш баргузор гардид.  Дар ин давраи омӯзишӣ намояндагони масъули ҳафт шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ ширкат намуданд.

Дар ҷараёни омӯзиш мутахассисони маркази таълимӣ иштирокдоронро ба тарҳрезии амалҳо оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, методологияи бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода, ҳамчунин ташкил ва гузаронидани омӯзишҳо оиди мудофиаи гражданӣ ва рафтори дуруст ҳаноми офатҳои табиӣ ва техногенӣ шинос намуданд. 

Ғайр аз ин дар рафти омӯзиш масъалаҳои омодагии мақомоти идории мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулода, неруҳо ва воситаҳо ба сел, обхезӣ, заминларза ва интиқоли одамон ба маконҳои амн барарсӣ шуданд.