Идомаи корҳои наҷот дар Хатлон. Паёмадҳои сели харобкор дар аксҳо

Дар чанд ноҳияи вилояти Хатлон корҳои бартарафсозии оқибатҳои сели харобиовари рӯзи 21-уми март идома доранд.  Рӯзи 23 марти соли равон Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 4 манзили истиқоматии ҷамоати шаҳраки Ҳулбукро бо истифода аз насосҳои обкашӣ аз обу лойоба тоза карданд. Дар айни замон корҳои бартарафсозӣ идома доранд. Комиссяи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад.

Ҷиҳати иҷрои супориши роҳбарияти  Кумита ҷиҳати бартарафсозии оқибати  офати табиӣ ба ноҳияи Хуросон 1-адад экскаватори Кумита сафарбар гардида, корҳои тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо дар ин мавзеъҳо идома доранд.  

23 марти соли 2020 ҳайати шахсии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон бо шумораи  32 нафар  ва  5 адад автомашинаҳои наҷот (2 адад ГАЗЕЛ, 1-адад НИВА, 1-адад ПИКАП ва 1-адад мошини FOTON)  сафарбар гардиданд. Рӯзи гузашта дастаи зудамал бо истифода аз техника таҳхонава заминҳои наздиҳавлигии 23 сокини минтақаро аз обу лой тоза кард ва кор ҳамоно дар ин самт идома дорад; 

Дар корҳои бартарафсози қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии вилояти Хатлон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода сафарбар гардида, чорабиниҳо таҳти роҳбарии муовини раиси Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба ҳолатҳои фавқулода Зоҳирзода Умед идома доранд.

Айни ҳол  Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон низ ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад.

Бештар дар ин бора:

Селҳои харобиовар дар кишвар. Шарҳи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Паёмадҳои сели рӯзи 21-уми март: корҳои бартарафсозӣ идома доранд