Бархӯрди харсанги азим ба Мерседеси бензинкаш. Мошин осеби сахт дид, ронанда солим. (ВИДЕО)

Резиши санг ва канда шудани як харсанги азим аз кӯҳ муддате роҳи Душанбе-Хуҷандро баст. Ин харсанг ба кабинаи мошини боркаш бархӯрд, ронанда осеб надид. Дар фурсати хеле кутоҳ роҳ аз сангу рег тоза ва мошинҳо дубора ба ҳаракат даромаданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки хавфи омадани селу тарма ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳии кишвар ҳамоно боқист.

Бар асари боронҳои шадид дар қаламрави кӯҳии Тоҷикистон хатари омадани сел, резиши сангу рег ва лағзиши тарма вҷуд дорад. Ҳаракат дар роҳҳои мошингарди  Душанбе-Худҷанд, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Лахш, Душанбе-Ванҷ, Хоруғ-Ишкошим дар чунин рӯзҳои хавфи бештар доранд.

Чунончӣ, шабонарӯзи гузашта дар километри 45-и роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд резиши санг ба қайд гирифта шуд. Харсанги кандашуда аз кӯҳ ба кабинаи мошини боркаши «Mercedes - бензинкаш» бархӯрд ва ба он сахт осеб расонд. Хушбахтона, ронандаи мошин зарар надид.

Барои тоза кардани роҳ хадамоти роҳи ширкати  Innovative Road Solutions (IRS) техника ҷудо кард. Дар айни замон роҳ аз сангрезаҳо пурра тоза карда шуда, ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шудааст. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад ҳангоми сафар аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд ва ба боло бурдани суръаи ҳаракат роҳ надиҳад.

Кумита ҳушдор медиҳад: Хавфи селу сангрезиш ва лағзиши тарма бартараф нашудааст!