Дар алоқамандӣ ба вазъи номусоиди марбут ба сирояти коронавирус дар ҷаҳон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуи чорабиниҳои зиддиэпидемиявӣ ва профилактикиро ташкил намуда, амалӣ мекунад, ки моҳи феврали соли 2020, баъди пайдо шудани иттилои якум аз ҳодисаҳои бемории он замон номаълум дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии Мардумии Чин шуруъ шуда буданд.
Дар олам ба санаи 03.04.2020 1 млн 14 ҳазору 144 ҳолати тасдиқшуда ба қайд гирифта шудааст (афзоиш дар давоми шабонарўз - 80 465 ҳолат; 8,6%).
Дар 176 кишвари ҷаҳон, ба истиснои ҶМЧ, 931 342 ҳолат ба қайд гирифта шуд (афзоиш дар давоми шабонарӯзи охирин - 80 387; 9,5%).