Мулоқоти кормандони КҲФ бо донишҷӯёни коллеҷи санъати ба номи Кароматуллоҳи Қурбони шаҳри Кӯлоб

Бо мақсади татбиқиНақшаи амали чорабиниҳои  ситоди вилоятӣ оид ба таҳкими чорабиниҳои эпидемӣ ҳангоми пандемияи короновирус COVID-19», ҳамчунин бо мақсади пешигирӣ аз паҳн шудани вирус ва таъмини сантитарӣ-эпиддемилогӣ кормандони шуъбаи байниноҳиявии КҲФ дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ҳамроҳ бо намояндагони Маркази тарзи ҳаёти солими шаҳри Кӯлоб бо донишҷӯёни Коллеҷи санъати ба номи Каро матуллоҳи Қурбон вохӯрӣ гузарониданд.

Дар ҷараёни мулоқот таваҷҷуҳи донишҷӯён ба муҳим будани риояи ҳама гуна чораҳои беҳдошти шахсӣ ҷалб карда шуд.  Барои пешгирӣ аз короновирус ба донишҷӯён тавсияҳо дода шуд.

Дар ин вохӯрӣ видеоҳо дар мавриди қоидаҳои бехатарӣ ва риояи онҳо барои сироят нашудан ба короновирус намоиш дода шуданд.