Дарсҳои амалӣ барои наҷотдиҳандагони КҲФ

Дар доираи татбиқи “Нақшаи амали ситоди вилоятӣ оид ба таҳкими чорабиниҳои зидди пандемияи вируси COVID-19», ҳамчунин пешгирӣ аз сироят ба короновирус ва таъмини рифоҳу беҳбуди санитариву эпидимологӣ дар миёни воҳидҳои наҷоти вокуниши сареъи Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе дарсҳои амалии безараргардонии сару либос ва техникаи садамавиву наҷот ташкил карда шуд.

Ҳангоми машғулияти амалӣ бонизом будани амали ҳайати шахсии воҳиди наҷот, такмили малакаҳои амалии гузаронидани коркарди техникаи махсус, сару либос, воситаҳои шахсии ҳимоя ва коркарди санитарии ҳайати шахсӣ тафтиш карда шуд.