Корҳои поксозии Канали калони Ҳисор ба анҷом расиданд

Мутахассисони тоҷик ва ӯзбек корҳои тоза кардани Канали Калони Ҳисор дар Тоҷикистонро ба анҷом расониданд. Бар асоси муоҳадаи дуҷонибаи кишварҳо аз 5-уми марти соли 2020 аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҳисор 9 адад экскватор бо ронандагонашон ворид шуд. Рӯзи 8-уми март корҳои поксозии канал аз ҳар гуна лойю лойқа ва хасу хасрӯба, регу шағал оғоз гардид.

Дар маҷмуъ тӯли ин муддат 27,6 километр масофаи канал аз ду тарафи соҳили он (13,8 км аз ду соҳили он) тоза карда шуд.

Кори анҷомшуда баёнгари дӯстии халалнопазири ду халқи бародар аст, ки барои бартараф кардани мушкил даст ба дасти ҳамдигар медиҳанд. 

Бояд гуфт, ки канали мазкур 25 ҳазор заминҳои киштро дар қаламраи ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода ва 10 ҳазор гктарро дар вилояти Сурхандарёи Ӯзбкистон обӯрӣ мекунад.