80 зарбаи мушакӣ ба тани абрҳои жолазо дар фазои пурабри Ҳисор, Турсунзода ва Хуросон

Шаби пурбориши гузашта кормандони Хадамоти жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осмони пурабри ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода ва Хуросон 80 мушаки зиддижолаи “Алазан 6” партов карданд ва дар маҷмуъ хавфи бориши жолаи вайронгар дар 25 минтақа бартараф шуд.

Бино ба гузориши Хадамоти жола шаби гузашта дар минтақаҳои мухталифи ноҳияи Ҳисор 48 мушаки зиддижолаи “Алазан 6” партов шуд ва хавфи резиши жола 15 минтақаи ин ноҳия бартараф гардид.

Шаби 29 ба 30-апрели соли равон  партови 26 мушак хавфи бориши жола дар  9 минтақаи ноҳияи Турсунзодаро бартараф намуд. 

Барои хунсо намудани хавфи бориши жола дар як минтақаи ноҳияи Хуросон 6 мушаки зиддижолаи “Алазан 6” партов шуд.